Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба дзюдо имсол санаи 5 октябр дар шаҳри Ваҳдат доир мегардад.

Тавре аз Федератсияи дзюдои Тоҷикистон иттилоъ доданд, мусобиқоти байнулмилалӣ дар риштаи гуштии дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон шурӯъ аз соли 2013 гузаронида шуда, се мусобиқаи пешин дар пойтахти кишвар баргузор шуда буданд.

Ба иттилои манбаъ, дар ин мусобиқа аз иштироки намояндагони қариб 30 кишвар интизорӣ меравад. Маблағи ҷоизаи мусобиқаи мазкур 15 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дода, ғолиби мусобиқа - бо 7 ҳазор, зинаи дуюм - бо 4 ҳазор ва зинаи сеюм - бо 2 ҳазор доллари ИМА мукофотпулӣ қадрдонӣ мешаванд.