Дар даври 15-уми мусобиқаи Лигаи олии футболи мамлакат дастаи «Равшан»-и Кӯлоб рӯзи 25 сентябр ғайриинтизор бар дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дастболо шуд.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ин бозӣ дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Данғара доир гардида, бо ҳисоби 2 бар 1 ба фоидаҳои кӯлобиҳо анҷом ёфт. Тӯби дюмро ба дарвозаи «Истиқлол» футболбозони «Равшан» дар дақиқаи 2-юми вақти иловагии бозӣ ворид карданд.

Ҳамин тариқ, ба силсилаи вохӯриҳои бидуни бохти қариб 3-солаи «Истиқлол» дар бозиҳои мусобиқаи Лигаи олии кишвар хотима бахшида шуд. Бори охир «Истиқлол» санаи 3 ноябри соли 2013 дар Ваҳдат з дастаи «Хайр» бо ҳисоби 0 бар 2 шикаст хӯрда буд. Ин дастаҳо санаи 1 октябр низ дар бозии аввали даври нимниҳоии Ҷоми футболи Тоҷикистон бо ҳам рақобат мекунанд, ки вохӯрии аввал дар Душанбе доир мегардад.

Дар вохӯрии дигари ин давр «Хайр»-и Ваҳдат дар майдони худ бо ҳисоби 3 бар 0 бар тими «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дастболо шуд.

То анҷоми мусобиқаи имсолаи Лигаи олии футболи мамлакат ҳамагӣ 4 давр боқӣ монд. Сарфи назар аз бохт, Истиқлол бо 33 имтиёз дар садри аввали ҷадвал қарор дошта, «Ҳосилот»-и Фархор соҳиби 28 имтиёз, «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода - соҳиби 23 имтиёз ва дастаҳои КМВА «Помир» ва «Барқчӣ»-и пойтахт - соҳиби 20-имтиёзӣ мебошанд.