Бозии дӯстонаи мунтахабҳои футболи Тоҷикистону Фаластин, ки шоми рӯзи 5 октябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир гардид, мусовӣ - 3 бар 3 анҷом ёфт.

Ҳисобро дар қисми якуми бозӣ соҳибони майдон бо зарбаи 11-метраи аз ҷониби Нуриддин Давронов иҷрошуда боз намуда, дар аввали қисми дуюми бозӣ фаластиниҳо низ бо зарбаи 11-метра ҳисобро баробар карданд.

Сипас Даврон Эргашев тӯбро ба ҳадаф расонида, ҳисоб 2 бар 1 ба фоидаи Тоҷикистон шуд. Баъдан фаластиниҳо ба даровзаи Тоҷикистон якбора ду тӯб равона карда, ҳисобро 3 бар 2 ба фоидаи худ тағйир доданд. Дастаи Тоҷикистонро аз бохт голи Парвиз Умарбоев дар дақиқаҳои изофӣ ба вақти бозӣ наҷот дод.

Қобили зикр аст, ки бозии қаблии дӯстона миёни ин дастаҳо, ки 6 сентябри соли равон дар Варзишгоҳи байналмилалии «Дура»-и шаҳри Ҳеврон доир гардида буд, низ мусовӣ - бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфта буд.

Ҳамчунин мебояд гуфт, дар рейтинги ФИФА (Федератсиони байналмилалии футбол) мунтахаби Фаластин дар зинаи 115-ум ва мунтахаби Тоҷикистон дар мақоми 144-ум қарор доранд.