Мухтор Қурбонов, мураббии дарвозабонҳои тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ва дастаи “Истиқлол”-и Душанбе ахири ҳафтаи гузашта дар синни 56- солагӣ даргузашт.

Бино ба иттилои хабаргузории "Озодагон" бо такя ба дафтари матбуотии тими “Истиқлол”, Қурбонов 7-уми октябр дар кор буда, аз саломатӣ шикоят надоштааст: “Рӯзи дароз дар кор буд, то бегоҳ ба тамрини дастпарваронаш машғул буд. Баъди кор ба хона рафтааст ва дар он ҷо ҷон додааст”.

Манбаи “Озодагон” аз қавли табибон иттилоъ додааст, ки Мухтор Қурбонов бар асари сактаи қалбӣ ҷон додааст. Ҷасади марҳумро дар қабристони Сариосиё ба хок супурдаанд.

Мухтор Қурбонов, фаъолияти мураббигиашро дар тими “Истиқлол”оғоз карда, соли 2012 ҳамроҳ бо ин тим Ҷоми президенти АФК-ро ба даст оварда буданд. Номбурда инчунин дарвозабонҳои тими миллии кишварро тамрин дода, дар дастаи “Помир”-и пойтахт низ фаъолият кардааст.