Бори нахуст дар таърихи футбол бозигари дастаи «Виченса»-и Италия Кристиано Галано барои бозии боадолатона корти сабз гирифт.

Ин воқеа дар вохӯрӣ миёни дастаи мазкур ва «Виртус Энтелла» дар Лигаи футболи «В»-и ин кишвар рух дода, ӯ ба дарвозаи ҳариф зарба мезананд, вале тӯб аз майдон берун меравад.

Довар туби кунҷӣ таъин мекунад, вале футболбоз ӯро огоҳ мекунад, ки тӯби задаи ӯ ба ҳеҷ кадоме аз бозигарони дастаи ҳариф нарасидааст. Баъди ин довар туби кунҷиро бекор карда, ба Кристиано Галлани барои бозии баинсофона корти зард медиҳад.

Кортҳои сабзи fair play дар Лигаи «В»-и Италия ба сифати озмоиш дар мавсими имсола ҷорӣ шудаанд. Дар ҷараёни бозӣ доварон онро ба бозигарон нишон надода, дар протокол дарҷ мекунанд. Дар охири мавсим футболбозе, ки аз ҳама бештар корти сабз гирифтааст, бо мукофот қадрдонӣ мешавад.