Дар бозии мавқуфгузоштаи даври 18-уми мусобиқаи Лигаи олии футболи мамлакат дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар Варзишгоҳи марказии пойтахт дастаи «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо ҳисоби калони 8 бар 2 мағлуб кард.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии дастаи «Истиқлол», дар ин вохӯрӣ бозигари даста ва ҳамлагари мунтахаби футболи Тоҷикистон Манучеҳр Ҷалилов ба дарвозаи ҳариф 5 тӯб (пента-трик) зада, шумори голҳояш дар мавсими имсолаи чемпионатро ба 20 адад расонид.

Гуфта мешавад, акнун барои бори панҷум ноил гардидан ба унвони чемпиони мавсими имсолаи Лигаи олии футболи мамлакат, ба дастаи «Истиқлол» гирифтани 4 имтиёз дар 3 бозии боқимонда кофӣ аст.

Зимнан зикр мегардад, ки бозии навбатии дастаи «Истиқлол» рӯзи 15 октябр дар Варзишгоҳи марказии пойтахт бо дастаи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода баргузор мешавад.