Имрӯзҳо қаҳрамони Бозиҳои олимпии Бразилияро бонавбат барои вохӯрӣ ба вазорату идораҳо ва ташкилоту корхонаҳои гуногун даъват мекунанд.

Дилшод Назаров муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумат ва ҳамзамон роҳбари Федерератсияи варзиши сабук ва мактаби варзишӣ буда, ҳарчанд вақти зиёде барои вохӯриҳоро надошта бошад ҳам, кӯшиш мекунад, ки хоҳиши даъваткунандагонро рад накунад.

Чунин як вохӯрии навбатӣ бо иштироки мутахассисону мухлисон ва рӯзноманигорон рӯзи 8 октябр дар спорт-бари «Истиқлол» доир гардид. Дар фарҷоми вохӯрӣ Неъмат Ҷалолиддинов, директори генералии ширкати «Формула 55» ба Дилшод Назаров сертификат ба маблағи 55.555 ҳазор сомониро тақдим карда, ҳамчунин дигар вразишгаронро низ барои саҳми арзанда дар рушди варзиш бо мукофотҳо қадрдонӣ намуд.

Дар саҳифаи ширкат дар Фейсбук дар ин робита иттилоъ дода мешавад, ки ҳар кадоме аз иштирокчиёни вохӯрӣ имкон доштанд, ки ба Дилшод Назаров саволи худро диҳанду шахсан бо ӯ ҳамсуҳбат шаванд. Дар анҷоми вохӯрӣ бо варзишгари маъруф маросими аксбардорӣ баргузор шуд.