Шабакаи телевизиони ТВ «Варзиш» дар бораи дорандаи медали биринҷии Олимпиадаи соли 2008 Расул Боқиев филми мустанад таҳия намуд. Гуштигири тоҷик айни замон дар Маскав кору зиндагӣ мекунад.

Дар филми мустанади «Ҷаҳонпаҳлавон» дзюдочӣ доир ба дастовардҳову рӯйдодҳои фараҳбахш дар зиндагиву ҳаёти рӯзмаррааш, аз ҷумла ба дунё омадани духтарчааш Таҳмина, ифтитоҳи маркази варзишиаш дар Маскав ва ғайра ҳикоят мекунад.

Расул Боқиева
VIPzone

Дар филм ҳамчунин хотиррасон мешавад, ки имсол дар Бозиҳоии олимпии Рио шогирди Расул Боқиев - Александр Михайлин медали тилло ба даст оварда, Расул низ бо ифтихорномаҳои Вазорати варзиш ва Федератсияи дзюдои Русия қадрдонӣ шудааст.

Варзишгари маъруфи тоҷик Расул Боқиев 29 сентябри соли 1982 дар оилаи гуштигири номӣ Худойназар Боқиев таваллуд шуда, Устоди шоистаи варзиши Тоҷикистон, дорандаи медали биринҷии Бозиҳои тобистани олимпии соли 2008 дар Пекин, медали биринҷии чемпионати ҷаҳон соли 2007 дар Рио-де-Жанейро, ғолиби Ҷоми ҷаҳон солҳои 2007, 2010, 2011 ва 2012 ва чемпиони Русия дар соли 2009 мебошад.