Дар 25-умин вохӯрии финалӣ барои дарёфти Ҷоми футболи Тоҷикистон-2016 дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор қувваозмоӣ мекунанд.

Дар бозиҳои ниманиҳоӣ аз рӯи натиҷаҳои ду бозӣ «Истиқлол» бар дастаи «Равшан»-и Кӯлоб ва «Ҳосилот» бар дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дастболо шуданд.

Қобили зикр аст, ки ин вохӯрии нахустини дастаҳо дар бозии финалӣ барои дарёфти Ҷоми футболи кишвар аст. Вохӯрии финалӣ барои дарёфти Ҷоми футболи Тоҷикистон-2016 санаи 5 ноябр доир мегардад.