Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар бозии мавқуфгузоштаи давраи 17-уми мусобиқаи Лигаи олии футболи мамлакат бар дастаи «Барқчӣ» бо ҳисоби бузурги 5 бар 1 дастболо шуда, як давр пеш аз анҷоми мусобиқа ба унвони чемпиони мавсими имсола соҳиб шуд.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии даста, қисми аввали бозии дастаи «Истиқлол» бо «Барқчӣ»-и Душанбе бо ҳисоби 2 бар 0 анҷом ёфта, дигар голҳо дар қисми дуюми бозӣ ба ҳадаф расонида шуданд.

Қобили зикр аст, ки ин пирӯзии панҷуми даста дар мусобиқаҳои Лигаи олии футболи Тоҷикистон мебошад. «Истиқлол» солҳои 2010, 2011, 2014 ва 2015 низ ба дарёфти ин унвон ноил гардида буд.