Имрӯз, 31 октябр дар дафтари кории тими «Истиқлол»-и Душанбе маросими имзои қарордод бо сармураббии нави даста Муҳсин Муҳаммадиев доир гардид, ки чанд рӯз қабл 50-солагиашро ҷашн гирифт.

Қарордод бо собиқ бозигари маъруфи дастаи «Помир»-и Душанбе ва собиқ сармурабии мунтахаби футболи Тоҷикистон ба муҳлати се сол баста шуда, баъди анҷоми мавсими имсолаи мусобиқаи Лигаи олии футболи мамлакат, Муҳсин Муҳаммадиев ба иҷрои вазифаҳояш шурӯъ мекунад.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 29 октябр дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар бозии мавқуфгузоштаи даври 17-уми мусобиқаи Лигаи олии футболи мамлакат бар дастаи «Барқчӣ» бо ҳисоби бузурги 5 бар 1 дастболо шуда, як давр пеш аз анҷоми мусобиқа ба унвони чемпиони мавсими имсола соҳиб шуд.

Маълумотнома

Мӯҳсин Муҳаммадиев дар солҳои 80-уми асри гузашта аз дӯстдоштатарин бозигарони футболи Тоҷикистон ба шумор мерафт. Ӯ 21 октябри соли 1966 дар Душанбе таваллуд шудааст. Маҳаммадиев аз соли 1992 дар Маскав ба сар мебарад, оиладор ва соҳиби 3 духтар аст.

Дар дастаҳои машҳур, монанди «Помир» (Душанбе) — 1985-1991, «Локомотив» (Маскав) – 1992-1993, “Анкарагучу” (Туркия) — 1993-1994, «Спартак» (Маскав) – 1994-1995, «Локомотив» (Нижний Новгород) – 1996-1997, «Аустрия» (Вена) – 1997-1998, «Торпедо» (Маскав) – 1998 бозӣ кардааст. Ӯ дар ҳайати «Спартак» соли 1994 ба унвони чемпиони Русия мушарраф гаштааст.

Дар ҳайати дастаҳои мунтахаби Русия (1995) ва Тоҷикистон (1992) якборӣ бозӣ кардааст. Аз соли 2003 ба кори мураббигӣ гузашт. Солҳои 2003 — 2005 мураббии дувуми «Витяз» (Подолск) ва аз соли 2006 то апрели 2008 сармураббии ин даста буд. Соли 2007 «Витяз» бо роҳбарии Муҳаммадиев ғолиби мусобиқаи дивизиони дувум дар минтақаи «Марказ» гардид ва ба дивизиони аввал баромад. Мӯҳсин Муҳаммадиев аз нимаи дувуми соли 2008 мудири варзишии бошгоҳи футболи «Рубин»-и Қазон ва аз моҳи июли соли 2013 то июли соли 2015 сармураббии дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон буд. Сипас барои кор ба бошгоҳи “Ордабаси”-и вилояти Чимкенти Қазоқистон рафт.

Дорои иҷозатномаи аврупоии мураббии «Pro» УЭФА.