Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии байналмилалии дӯстона бар тими миллии Туркманистон бо ҳисоби 3:0 ғолиб шуд. Ҳарсе голро Манучеҳр Ҷалилов зад.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, ин бозӣ 9-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе дар доираи омодагии ҳарду даста ба мусобиқаи интихобии гурӯҳии Ҷоми Осиё-2019, ки моҳи марти соли оянда оғоз меёбад, доир шуд.

Гуфта мешавад, ин бозии ҳаштуми дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Туркманистон дар муддати 24 соли рақобати онҳо ба шумор мерафт. Се бозӣ бо пирӯзии футболбозони туркман анҷом ёфтааст. Дар се бозӣ футболбозони тоҷик ғолиб омадаанд ва ду бозӣ мусовӣ шудааст.

Зикр мегардад, ки мунтахаби Тоҷикистон дар доираи омодагиҳо ба мусобиқаи интихобии гурӯҳии Ҷоми Осиё-2019 рӯзи якшанбеи 13-уми ноябр бо тими миллии Афғонистон бозии байналмилалии дӯстона анҷом медиҳад. Ин бозӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 16:00 шуруъ мешавад.