Дар бозии дӯстона миёни мунтахабҳои футболи Тоҷикистон ва Афғонистон, ки рӯзи 13 ноябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе доир гардид, футболбозони тоҷик дастаи Афғонистонро бо ҳисоби 1 бар 0 шикаст доданд.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон муаллифи тӯби ягона дар бозӣ ҳамлагари мунтахаби Тоҷикистон Манучеҳр Ҷалилов аст, ки онро дар дақиқаи 74-уми бозӣ ба самар расонидааст.

Гуфта мешавад, байни мунтахабҳои футболи Тоҷикистону Афғонистон 6 бозӣ доир гардида, дар 5-тои он футболбозони тоҷик ғолиб омадаанд ва таносуби тӯбҳо 13 бар 2 ба фоидаи тоҷикистониён аст.

Ин бозии охирини мунтахаби футболи ҷумҳурӣ дар соли равон аст. Таҳти роҳбарии сармураббӣ Ҳаким Фузайлов мунтахаби Тоҷикистон 7 бозӣ гузаронида, дар 4-тои он ғолиб (Бангладеш - 5:0 ва 1:0; Туркманистон - 3:0 ва Афғонистон - 1:0) омад ва 3 бозӣ мусовӣ (Сурия - 0:0, Фаластин - 1:1 ва 3:3) анҷом ёфт.

Қобили зикр аст, ки соли оянда мунтахаби футболи Тоҷикистон дар мусобиқаи даври интихобии Ҷоми Осиё-2019 иштирок мекунад. Рӯзи 18 январи соли оянда маросими қуръапартоии ин марҳилаи мусобиқа баргузор мешавад.