Ҳарифони дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2017 дар марҳилаи мусобиқаҳои гурӯҳӣ рӯзи 13 декабр маълум мешаванд.

Бино ба маълумоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, рӯзҳои 13-14 декабр дар меҳмонхонаи «Hilton Petaling Jaya»-и шаҳри Куала-Лумпур (Малайзия) семинари омӯзишии КФО доир гардида, дар он намояндагони дастаҳои иштирокчии Ҷоми КФО ва Лигаи чемпионҳои мавсими соли 2017, аз ҷумла намояндагони дастаи «Истиқлол» ва тими «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор низ ширкат меварзанд.

Гуфта мешавад, дар доираи кори семинар рӯзи 13 декабр маросими қуръакашии марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи Ҷоми КФО-2017 баргузор мешавад, ки дар он ҳарифони дастаи «Истиқлол» дар ин марҳила муайян мешаванд. Бозиҳои худро дар Ҷоми КФО «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор аз марҳилаи пеш аз даври гурӯҳӣ (плей-офф) оғоз мекунад.