Дар бозии дастаҳои футболи шаҳри Мадрид - «Реал» ва Атлетико» (дерби), ки бо пирӯзии «Реал» (3 бар 0) анҷом ёфт, дар хонаи тағйири сарулибосу истироҳат ҳамлагари маъруфи «Реал» Криштиану Роналду ҳангоми шарҳи муноқишааш бо футболбози дастаи ҳариф гуфтааст, дар посух ба таҳқири ӯ доир ба гӯё ҳамҷинсгаро (гей) буданаш шӯхиомез изҳор намудааст, ки гузашта аз ин, хеле бой ва доро ҳам ҳаст.

Пас аз ин садҳо ВАО-и Русия хабар доданд, ки Криштиану Роналду худро ҳамҷинсагро номидааст. Ин хабар ба панҷгона (топ-5)-и хабарҳои рӯзи «Яндекс.Новости» низ шомил гардид.

Хабаргузории «Медуза» сарлавҳаҳои бештар ҳангомасози ин васоити ахбори умумро гирдоварӣ кардааст: