Дар мусобиқаҳои гуногуне, ки дар ИМА баргузор шуданд, гуштигири тоҷик дар риштаи дзюдо Хушбахт Қурбонмамадов ба гирифтани 1 медали тилло ва 2 медали биринҷӣ шарафёб гардид.

Дар мусобиқаи «The Big Apple Judo Classic-2016» дар Ню-Йорк дар вазнҳои 66 ва 73 кило ӯ як медали тилло ва 1 медали биринҷӣ ва дар қувваозмоиҳои мусобиқаи «51-st Annual Dallas invitational Judo» дар Техас дар вазнҳои гуногун як маротиба ҷойи аввал ва ду бор зинаи дуюмро ишғол кард. Дар ин бора худи варзишгар дар саҳифаи худ дар «Вконтакте» хабар додааст.

Қобили зикр аст, ки Хушбахт таҳти раҳбарии Мураббии шоистаи Русия Владимир Елчанинов тамрин мегирад. Замоне ин мураббӣ Расул Боқиевро тамрин дода, айни замон мураббии Комроншоҳи Устопириён низ мебошад.