Криштиану Роналду, ҳамлагари клуби футболи “Реал”-и Испания бори чорум ҷоизаи маъруфи “Тӯби тиллоӣ”-ро соҳиб шуд.

Бино ба иттилои хабаргузории «Озодагон» бо такя ба маълумоти нашрияи France Football, аз аввалин муассисони ин ҷоиза (1956), маросими ҷоизасупорӣ рӯзи 12 декабр дар Париж баргузор гардида,  Роналду бо дарёфти 745 дарсади раъй беҳтарин футболбози ҷаҳон эътироф шудааст.

Гуфта мешавад, Лионел Месси, ҳамлагари “Барселона” бо касби 316 хол дар ҷойи дуввум ва Антуан Гризманн, бозигари мунтахаби тими Фаронса бо дарёфти 198 хол ҷойи сеюмро гирифтааст.

Зимнан зикр мегардад, ки Криштиану Роналду, ҳамлагари клуби “Реал” солҳои 2008, 2013 ва 2014-ум ин ҷоизаро ба даст оварда буд. Роналду дар мавсими футболи 2016, 38 гол дар ҳайати “Реал” ва 13 голи дигар дар мунтахаби Португалия ба дарвозаи ҳариф ворид кардааст.

Қайд мешавад, ки соли 2016 аз бобарортарин сол дар карераи Роналду ба ҳисоб рафта, давоми сол ӯ дар ҳайти “Реал” Ҷоми олии УЭФА ва дар ҳайтаи мунтахаби кишвараш Ҷоми Аврупоро ба даст овард.