Санаи бозиҳо дар марҳилаи гурӯҳи «D»-и Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2017, ки ба он дастаи «Истиқлол»-и Душанбе низ шомил аст, маълум шуданд.

Бино ба иттилои сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), «Истиқлол» бозии аввалро 14 март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо ғолиби давраи плей-офф мегузаронад, ки он дастаи «Ҳосилот»-и Фархор шуда метавонад. «Ҳосилот»-и Фархор аз марҳалаи плей-офф ба рақобат пардохта, дар ду марҳала барои ба бозиҳои гурӯҳӣ шомил шудан мубориза мебарад.

«Ҳосилот» дар марҳалаи аввал бо чемпиони Афғонистон «Шоҳин Асмоӣ» (31 январ дар меҳмонӣ ва 7 феврал дар Душанбе) қувва меозмояд. Дар сурати ғолиб омадан, баъдан бо ғолиби ҷуфти дастаҳои «Балкан»-и Туркманистон ва «Дурдой»-и Қирғизистон (21 ва 28 феврал) муборизаро барои роҳёбӣ ба марҳилаи гурӯҳӣ идома медиҳад.

Бозиҳои плей-офф аз ду вохӯрӣ иборат мебошанд. Ғолиби ин бозиҳо ба гурӯҳи дастаҳои «Истиқлол», «Алтин асир»-и Туркманистон ва «Олой»-и Қирғизистон ҳамроҳ мешавад. Танҳо ғолиби гурӯҳ ба бозиҳои минбаъда роҳхат мегирад.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи декабр Кумитаи иҷроияи Конфедератсияи футболи Осиёро тарҳи баргузории мусобиқоти Ҷоми ин ниҳодро дар ҷаласаи худ, ки дар шаҳри Абу Дабии АМА доир гардид, тағйир дод.