Муртазо Аҳмадии шашсола аз Афғонистон билохира ба орзуяш расид ва бо ситораи футболи ҷаҳонӣ Лионел Месси рӯбарӯ шуд.

Бино ба иттилои сомонаи расонаи мустақили «Ахбор», Кумитаи ташкилии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022, ки дар Қатар мегузарад, рӯзи 13 декабр дар саҳифааш дар Твиттер навори кӯтоҳеро нашр кардааст, ки лаҳзаи ба дидори ҳам расидани Муртазо Аҳмадӣ, кӯдаки шашсолаи афғон ва ситораи тими миллии футболи Аргентина ва бошгоҳи "Барселона” Лионел Мессиро намоиш медиҳад.

Кумитаи ташкилии Ҷоми ҷаҳонӣ дар поварақи ин навор навиштааст, "кӯдаки шашсолае ки орзуи дидани қаҳрамонаш Мессиро дошт, билохира ба орзуяш расид ва иро тамоми ҷаҳон бояд бубинад.”

Ин дидор дар Доҳа, пойтахти Қатар иттифоқ уфтодааст. Тими "Барселона” дар ин шабу рӯз дар Доҳа қарор дорад.

Кумитаи ташкилии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 гуфтааст, дидори Муртазо бо Месси бо кумаки ЮНИСЕФ – Сандуқи кӯдаки СММ муяссар шудааст.

Исми Муртазо Аҳмадӣ аз рустое дар вулусволии Ҷоғурии вилояти Ғазнии Афғонистон моҳи январи соли 2016 баъди нашри аксе, ки ӯ дар он футболкаи селофании монанд ба футболкаҳои тими миллии Аргентина ва бо рақами 10 ва исми Месси бозӣ мекард, шӯҳрати саросарӣ пайдо кард. Ба дунбол, аксари расонаҳои байналмилалӣ дунболи ин кӯдак рафтанд ва як силсила барномаҳое таҳия карданд, ки дар онҳо Муртазо мегуфт, як орзуи асосиаш расидан ба дидори Лионел Месси мебошад.

Дар саросари дунё миллионҳо кӯдак мухлиси Лионел Месси мебошанд ва либос ва ё пероҳани ӯро ба тан мекунанд. Аммо Муртазо аз нодорӣ то ҳол имконе надошт, ки пероҳани Мессиро бихараду бипӯшад ва ночор аз як порчаи селофанӣ барои худ футболкаи монанд ба либоси футболбози маҳбубашро дуруст карда буд.

Дар матбуот дар пасманзари ҳаёҳуе, ки ин "Месси”-и афғон ба по кард, навиштанд, дар ҳоле ки даромади Леонил Месси танҳо дар соли 2014 ба 65 миллион доллар баробар будааст ва ӯ гаронбаҳотарин футболбози ҷаҳон ба шумор меравад, Муртазои панҷсола ҳатто тӯби футбол ҳам надорад, ки бозӣ кунад.

Лионел Месси алакай моҳе баъд аз сарусадои бархоста дар атрофи акси футболкаи селофании Муртазо барои вай як тӯби футбол ва ду футболка бо имзои худашро тӯҳфа фиристод ва ҳам тавассути ЮНИСЕФ паёмаш расонд, ки ӯ ҳам дар орзуи дидани Муртазост.

Ин орзу билохира 13 декабр дар Қатар ҷомаи амал пӯшид ва Муртазо Аҳмадӣбо Лионел Месси рӯбарӯ шуд.