Шоҳмотбози тоҷик Фаррух Амонатов ғалабаи нахусти байнулмилалии Тоҷикистон дар соли 2017-ро ба даст овард.

Дар мусобиқаи байнулмилалии маъруфи шоҳмоти «Delhi International Open-2017», ки рӯзҳои 9-16 январ дар Ҳиндустон доир гардид, Фаррух Амонатов (рейтинги ФИДЕ 2619, шоҳмотбози пурқувваттарини мусобиқа) ба 8,5 имтиёз соҳиб шуд. Мусобиқа мувофиқи низоми швейтсарӣ дар 10 давр гузаронидашуда, дар он аз 23 кишвар 258 нафар шоҳмотбозон ширкат варзиданд.

Гуфта мешавад, ду иштирокчии мусобиқа 8 имтиёзӣ ба даст оварда, тибқи нишондиҳандаҳои иловагӣ Гош Диптаян (Ҳиндустон, 2570) зинаи дуюм ва Марат Ҷумъаев (Ӯзбекистон, 2457) мақоми сеюмро касб карданд. Миёни занон зинаи аввалро Гулрухбегим Тоҳирҷонова аз Ӯзбекистон ишғол намудааст.

Зикр мегардад, ки шоҳмотбози тоҷик ягон қувваозмоиро набохта, 7 ғалаба ба даст овардааст ва 3 бозиро мусовӣ анҷом додааст. Ин нахустин ғалабаи намояндагони Тоҷикистон дар мусобиқаи байнулмилалии бузург дар соли 2017 аст.