Варзишгоҳи «Металлург» дар шаҳри Турсунзодаро «ТАЛКО Арена» номгузорӣ мекунанд.

Тавре аз Кумитаи иттифоқҳои касабаи «Ширкати алюминии тоҷик» хабар доданд, дар доираи корҳои омодагӣ ба ҷашни байнулмилалии Наврӯз дар сатҳи ҷумҳуриявӣ, ки имсол дар ҳамин варзишгоҳ доир мегардад, варзишгоҳ ба таври қобили мулоҳиза таъмиру азнавсозӣ шуда, натанҳо ном, балки симои худро низ куллан иваз хоҳад кард.


«Тағйири низоми равщанидиҳандаи варзишгоҳ яке аз корҳои асосии азнавсозӣ буда, минбаъд он имкон хоҳад дод, ки бозии футбол ва дигар чорабиниҳо шомгоҳон низ баргузор шаванд, - гуфтанд дар кумитаи иттифоқҳои касаба. - Ғайр аз ин, дар қаламрави гирду атрофи варзишгоҳ низ корҳои ободониву сабзгардонӣ сурат гирифта, анҷоми ҳамаи корҳои таъмиру азнавсозӣ аввали моҳи март ба нақша гирифта шудааст».


Қобили зикр, ки варзишгоҳи «Металлург» соли 1998 сохта шуда, дар он ду маротиба - солҳои 2003 ва 2008 корҳои таъмиру азнавсозӣ гузаронида шудааст. Айни замон ҷойҳои нишасти варзишгоҳ 13 ҳазору 770 нафарро ташкил медиҳад. Дастаи футболи «Регар-ТадАЗ» бозиҳои худро дар ин варзишгоҳ баргузор мекунад.