Нимҳимоятгари мунтахаби футболи Тоҷикистон Умедҷон Шарипов ҳунарнамоии худро дар чемпионати Ӯзбекистон идома медиҳад.

Бино ба маълумоти сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон, футболбози 24-солаи тоҷик бо дастаи «Машъал» аз шаҳри Муборак қарордоди яксола бастааст.

Шарипов аз дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, ки соли гузашта дар он бозӣ карда буд, ба тими «Машъал гузашт. Дар мавсими соли 2016 дар чемпионати Ӯзбекистон «Машъал» зинаи 8-умро ишғол кард.