Давоми рӯзҳои 5-8 март даври аввали мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон доир гардид.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, чемпиони мамлакат - «Истиқлол»-и Душанбе дар Варзишгоҳи марказии пойтахт «Барқчӣ»-и Ҳисорро қабул карда, бо натиҷаи 6:0 ғалаба кард. Се тӯбро Манучеҳр Ҷалилов, ду голро -  Дмитрий Барков ва як голи дигарро Ҷаҳонгир Алиев ба нишон расониданд

«Ҳосилот»-и Фархор дар бозии нахустини худ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб бар дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо ҳисоби 2 бар 1 дастболо шуда, голи меҳмононро Дилшод Бозоров ва голҳои соҳибони майдонро Ҳасан Рустамов ваАгблей Ҷонс ба ҳадаф расониданд.

Ду бозии дигари давраи якуми мусобиқаи 26-уми Лигаи олии футболи Тоҷикистон, ки рӯзи якшанбе, 5 март доир гардид, бинобар омода набудани варзишгоҳҳои шаҳрҳои Турсунзодаву Қӯрғонтеппа, дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ барпо гардида, бо натиҷаҳои мусовӣ анҷом ёфтанд. Бозии «Регар-ТадАЗ» бо «Панҷшер» - 1:1 ва «Вахш» бо КМВА»Помир» - 0:0 анҷом пазируфт.