Дар ҷаласаи навбатии Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Алишер Ӯрунов ноиби президенти Федератсия интихоб шуд.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии ФФТ, Алишер Ӯрунов ба раҳбарияти Федератсия ва аъзои Кумитаи иҷроия изҳор намудааст, ки баҳри ноил гардидан ба боварӣ дар мансаби нав ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Қобили зикр аст, ки раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ президенти ФФТ буда, Хуршед Мирзо ноиби аввали ӯ ва Дилшод Ҷураев ноиби президенти ФФТ мебошанд. Директори генералии Лигаи футболи кишвар Алишер Ӯрунов сеюмин ноиби президенти ФФТ аст.