Дар бозии аввали даври гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2017 чемпиони мавсими гузаштаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон - дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бо ҳисоби 2 бар 0 дастаи «Дордой»-и Бишкекро мағлуб кард.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии даста, тӯбҳоро аз дастаи «Истиқлол» Дэвид Мавутор ва Ҷаҳонгир Алиев ба ҳадаф расонидаанд. Дар ин вохӯрӣ, ки дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир гардид, 16 ҳазору 500 нафар мухлисон ҳузур доштанд.

Гуфта мешавад, дар вохӯрии дигари гурӯҳи «D» тими «Олтин Асир»-и Туркманистон дар меҳмонӣ бар дастаи «Олой»-и Ош (Қирғизиситон) бо ҳисоби 2 бар 1 дастболо шуд.

Зимнан зикр мегардад, ки вохӯрии навбатиашро «Истиқлол» дар меҳмонӣ рӯзи 4 апрел бо «Олтин Асир» мегузаронад.