Мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 дар гурӯҳи “F” дар пойтахт Қатар - Доҳа аз тими миллии Яман бо ҳисоби 1 бар 2 шикаст хӯрд.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ҳисоби бозиро дар дақиқаи 9-ум нимҳимоятгари мунтахаби Тоҷикистон Парвизҷон Умарбоев кушода, дар дақиқаи 41-уми бозӣ ҳимоятгари мунтахаби Тоҷикистон Давронҷон Эргашев бо ворид намудани тӯб ба дарвозаи худ ҳисобро баробар кард.

Гуфта мешавад, дар дақиқаи 63-юми қисми дуюми вохӯрӣ футболбози дастаи Яман Ала Муҳаммад Абдулло Ал-Сасӣ боз як тӯбро ба ҳадаф расонида, ҳисоби бозӣ дигар бидуни тағйир -  2 бар 1 ба фоидаи тими мунтахаби Яман ба анҷом расид.

Ба иттилои манбаъ, дар бозии дигари гурӯҳи “F” дастаи мунтахаби Филиппин дар майдони худ бо ҳисоби калони 4 бар 1 дастаи Непалро шикаст дод. Бозии навбатии мунтахаби футболи Тоҷикистон дар мусобиқаи марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 рӯзи 13 июн дар Душанбе бо тими Филиппин доир мегардад.

 

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “F”

 

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Филиппин

1

1

0

0

4-1

3

2

Яман

1

1

0

0

2-1

3

3

Тоҷикистон

1

0

0

1

1-2

0

4

Непал

1

0

0

1

1-4

0

Ёдрас мешавем, ки дастаҳои мунтахаби Австралия, Арабистони Саудӣ, АМА, Қатар, Чин, Эрон, Ҷопон, Сурия, Таиланд, Ироқ, Кореяи ҷанубӣ ва Узбекистон мустақиман дар бозиҳои ниҳоии Ҷоми Осиё- 2019, ки дар Амороти Мутаҳидаи Араб мегузаранд, иштирок мекунанд.

Дастаҳои мунтахаби Кореяи шимолӣ, Урдун, Уммон, Лубнон, Фаластин, Қирғизистон, Гон-Конг, Туркманистон, Сингапур, Ветнам, Кувайт, Филиппин, Гуам, Баҳрайн, Афғонистон, Тоҷикистон, Ҳиндустон, Малайзия, Камбоҷа, Яман ва Мянма дар бозиҳои гурӯҳии Ҷоми Осиё- 2019 якҷоя бо ғолибони се ҷуфти бозиҳои плей-оффи 1, ҷамъ 24 даста  имсол дар 6 гурӯҳи чордастагӣ барои роҳхат гирифтан ба бозиҳои ниҳоӣ мубориза мебаранд.

Дар натиҷа ғолибони гурӯҳ ва соҳибони ҷои дуюм ба қатори 12 дастаи финалист ҳамроҳ мешаванд.