Дастаи "Истиқлол"-и Душанбе дувумин бозиашро дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2017 дар гурӯҳи “D” дар меҳмонӣ бо тими «Олтин Асир»-и Ишқобод, қаҳрамони Туркманистон, бо ҳисоби 1:1 анҷом дод.

Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, Ҷаҳонгир Алиев, бозигари “Истиқлол”, дар дақиқаи 31-ум ҳисобро боз кард. Голи ҷавобиро бозигари мизбонон Олтинмурод Аннадурдиев дар нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 49-ум, ба ҳадаф расонд.

Гуфта мешавад, бозии дигари гурӯҳи “D” миёни дастаҳои “Дордой”-и Бишкек, ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии Қирғизистон ва «Олой»-и Ӯш, қаҳрамони ин кишвар, дар варзишгоҳи ба номи Долен Омурзоқови пойтахти Қирғизистон бо пирӯзии дастаи мизбон - “Дордой” - бо ҳисоби 1:0 анҷом ёфтааст.

Зикр мегардад, ки баъди натиҷагирии ду даври мусобиқа дар гурӯҳи “D” дастаҳои “Истиқлол” ва “Олтин Асир” чоримтиёзӣ ба даст овардаанд. Дастаи “Дордой” се имтиёз гирифтааст. Вале тими “Олой” имтиёз надорад.

Дар даври 3-юми мусобиқа, ки 18 апрел баргузор мешавад, «Истиқлол» дар майдони худ бо «Олой» ва “Дордой” бо «Олтин Асир» рақобат хоҳанд кард.