Гуштигири маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён, ки то соли 2019 аз ҳаққи иштирок дар мусобиқаҳои дохили Тоҷикистон маҳрум шуд, дар нахустин мусобиқаи байнулмилалӣ баъди муҷозоташ ба дастоварди назаррас ноил гардид.

Дар мусобиқаи байналмилалии дзюдои “Grand-Prix Antalya 2017”, ки рӯзҳои 7-9 апрел дар шаҳри Анталияи Туркия доир гардид, дар вазни то 90 кило ӯ зинаи дуюмро касб карда, медаи нуқра ба даст овард.

Ӯ дар қувваозмоиҳо бар рақибонаш аз Туркия, Кореяи Ҷанубӣ ва Русия дастболо шуда, дар рақобати ниҳоӣ аз варзишгари Муғулистон шикаст хӯрд.

Намояндаи дигари Тоҷикистон Хайёмиддин Ҷабборов (вазни то 73 кило) як ғалаба ба даст оварда, қувваозмоиро бар гуштигири соҳибони майдон бохт. Саидҷалол Саидов (вазни то 100 кило) аз даври аввал озод ва дар қувваозмоии даври дуюм аз намояндаи Русия шикаст хӯрд.