Аз 6 то 21 май дар пойтахти Тоҷикистон миёни ҷавонон Мусобиқаи байнулмилалии тенниси Tajikistan Open доир мегардад.

Ин мусобиқа бори нахуст ба муносибати Соли ҷавонон бургузор шуда, дар он намояндагони 17 кишвари хориҷи дуру наздик ширкат меварзанд.

Мусобиқа аз ҷониби Федератсияи тенниси Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Федератсияи байнулмилалии теннис доир гардида, сарпарасти кулли чорабинӣ ва яке аз ташкилкунандагони он меҳмонхонаи «Серена Душанбе» мебошад.

Қобили зикр аст, ки бори нахуст Федератсии байнулмилалии тенннис баргузории ин мусобиқаро ба Тоҷикистон бовар карда, ин пеш аз ҳама ба туфайли дастгирӣ аз ҷониби доираҳои тиҷоратӣ ва маҳз меҳмонхонаи «Серена Душанбе» муяссар гардид.

Баргузор намудани мусобиқаҳои байнулмилалӣ дар чунин сатҳ ба пешрафтҳои мусбат дар рушди варзиши кишвар гувоҳӣ дода, ба таҳкими нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байнулмилалии варзиш мусоидат мекунад.

Иштироки варзишгарон аз кишварҳои зиёд муҳим будани чорабинии мазкурро таъкид сохта, ба варзишгарони тоҷикистонӣ барои қувваозмоӣ ва ноил гардидан ба дастовардҳо имкон фароҳам меоварад.

Бешубҳа сокинон ва меҳмонони пойтахт хоҳиши ба майдони теннис омада, ҷараёни мусобиқаро тамошо карданианд ва метавон бо итминон гуфт, ки варзишгарон ҳунари ҳирфаии худро намоиш хоҳанд дод.