Муштзани маъруфи кишвар Ҷаҳон Қурбонов дар Чемпионати Осиё оид ба бокс, ки дар пойтахти Узбекистон – шаҳри Тошканд ҷараён дорад, дирӯз – 3 май – Маҳмуд Саноуллоҳи покистониро бо ҳисоби 5:0 шикаст дода, ба нимфинал баромад ва ҳадди аққал соҳиби медали биринҷӣ мегардад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, Ҷаҳон дар вазни 91 кило мусобиқаро аз чорякфинал оғоз кард. Рақиби ӯ дар нимфинал (5 май) Сумит Сангван аз Индонезия мебошад. 

Варзишгари дигари ҷумҳурии мо Шаббос Негматуллоев, ки дар вазни 81 кило дар рақобати аввалаш бар Ҳе Шао-Ҳуӣ (Тайбэй) бо ҳисоби 5:0 ғалаба кард, 3 май дар рақобати дуюмаш аз муштзани узбекистонӣ Бектемир Мелиқузиев шикаст хурд.

Ҳамин тариқ, аз 8 намояндаи Тоҷикистон дар чемпионати бокси Осиё - Асрор Воҳидов (-56 кг), Баҳодур Усмонов (-60 кг), Фурқатҷони Одилхон (-64 кг), Бахтиёр Мирзомуҳаммад (-75 кг), Бахтовар Сагизов (-52 кг), Шаббос Негматуллоев (-81 кг), Ҷаҳон Қурбонов (-91 кг) ва Сиёвуш Зуҳуров (+91 кг), танҳо Ҷаҳон мусобиқаро идома медиҳад.

Ёдрас мешавад, ки дар чемпионати Осиё оид ба бокс миёни мардон 179 варзишгар аз 28 кишвар ширкат доранд.