Мунтахаби футболи наврасони  Тоҷикистон (U-16) таҳти раҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар мусобиқаи байнулмилалии дӯстона дар шаҳри Сочи иштирок мекунад, ки дар арафаи бозиҳои Ҷоми Конфедератсия доир мегардад.

Бино ба иттилои ФФТ, мусобиқа аз 29 май то 2 июн бо иштироки дастаҳои мунтахаби Қазоқистон, Арманистон, Тоҷикистон ва кишвари Краснодар баргузор мешавад. Бозиҳо ду қисм 40-дақиқагӣ дар варзишгоҳи «Юност» барпо мешаванд.

Тибқи муқаррароти мусобиқа, бозиҳо дар як давр доир гардида, аз рӯи натиҷаҳои он ду дастаи беҳтарин дар бозии финалӣ ва ду дастаи боқимонда барои ишғоли зинаи сеюм бозӣ мекунанд. Бозии аввалини худро дастаи наврасони Тоҷикистон рӯзи 29 май бо тими Арманистон баргузор мекунад.

Қобили зикр аст, ки ин мусобиқа барои мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон як марҳилеи омодагӣ ба даври интихобии Чемпионати Осиё-2018 мебошад, ки аз 16 то 24 сентябр дар Душанбе баргузор мешавад. Дар ин даври интихобӣ ҳарифони тими Тоҷикистон дастаҳои мунтахаби Уммон, Сурия, Туркманистон ва Малдив мебошанд.