Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии дзюдои Осиё дар Ҳонконг ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт ва соҳиби медали тилло гардид.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, ӯ рӯзи 27-уми май дар қувваозмоии ниҳоӣ дар вазни зери 90 кило бар Ислом Бозбоев аз Қазоқистон пирӯз шуд.

Ин паҳлавони тоҷик баъди ду пирӯзӣ дар даврҳои муқаддамотӣ бар Алдикан Ғанам, ки таҳти парчами Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) ба майдон омад ва Муҳаммадкарим Хуррамов аз Узбакистон, ба дар даври ниманиҳоӣ роҳ ёфта ва Шоичиро Мукаи аз Ҷопонро мағлуб кард.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё дар Ҳонконг ҳамагӣ 244 варзишгар (140 мард ва 104 зан) аз 28 кишвар ширкат дорад. Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон ҳафт гуштигир дохил аст.

Соли гузашта дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё, ки моҳи апрел дар пойтахти Узбакистон баргузор шуда буд, паҳлавони тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар вазни зери 90 кило ҳамаи рақибонашро шикаст дод ва соҳиби медали тилло гардид. Зимнан, ӯ нахустин намояндаи Тоҷикистон аст, ки дар таърихи ҷудои тоҷик ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфтааст.