Гуштигири маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён баъди пирӯзӣ дар мусобиқаи Чемпионати Осиё дар Гонконг ба сегонаи беҳтарин дзюдочиёни ҷаҳон дар вазни то 90 кило шомил гардид.

Дар рейтинги интишоршуда дар сомонаи расмии Федератсияи байнулмилалии дзюдо (IJF) Комроншоҳи Устопириён миёни варзишгарони вазни зери 90 кило бо касби 2160 имтиёз дар зинаи сеюм ҷойгир шудааст. Дар ин рейтинг номи беш аз 300 нафар беҳтарин дзюдочиёни ҷаҳон зикр шудааст.

Дар рейтинги ҷаҳонии дзюдо дар вазни то 90 кило намояндаи Сербия Александр Куколҷи бо 2580 имтиёз пешсаф буда, зинаи дуюмро бо 2400 имтиёз гуштигири Фаронса Аксел Клегерти ишғол мекунад.

Ба даҳгонаи дзюдочиёни беҳтарини ҷаҳон дар вазни зери 90 кило ҳамчунин Донган Квак аз Кореяи Ҷанубӣ, Машу Бакер аз Япония, Хунзао Ченг аз Чин, Ислом Бозбоев аз Қазоқистон, Кента Нагасава аз Япония, Ҳусейн Холмирзоев аз Русия ва Кристиан Тот аз Маҷористон (Венгрия) низ шомиланд.