Дастаи мунтахаби гуштии камарбандӣ (кураш)-и Тоҷикистон дар мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон дар шаҳри Оренбурги Русия зинаи аввалро ишғол намуда, аз рӯи натиҷаҳои мусобиқа 54 имтиёз ба даст овард.

Ду гуштигир - Муҳаммадғуфрон Тошзода дар вазни то 68 кило ва Достон Почоев дар вазни то 90 кило ба дарёфти медалҳои тиллои мусобиқа шарафёб гардиданд.

Самандар Эрназаров (вазни беш аз 100 кг), Абдураҳмон Маматқулов (то 100 кг), Сафаров Рӯзибой (то 82 кг) ва Абӯэҳсон Ашӯрзода (то 75 кг) медалҳои биринҷӣ ба даст оварданд.

Тавре раиси Федератсияи гуштии камарбандии Тоҷикистон Анвар Қосимов хабар дод, ҳайати мунтахаби Тоҷикистон аз 8 варзишгар, мураббӣ ва ду довар борат буд.

«Дар ҳисоби умумидаставӣ Тоҷикистон бори нахуст дар таърихи худ зинаи аввали Ҷоми гуштии камарбандии ҷаҳонро ишғол намуд, - қайд кард ӯ. - Акнун варзишгарони мо ба ду мусобиқаи пурнфузи дигар - чемпионати ҷаҳон, ки моҳи июл дар Қазокистон доир мегардад ва Бозиҳои 5-уми Осиё дар биноҳо (17-27 сентябр) омодагӣ мегиранд».