Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) рӯзи 19 июн бо ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расонид, ки мутобиқи он барои сафарҳои футболбозони тоҷик имтиёзҳо ҷорӣ гардиданд.

«Шарики ФФТ шудан барои мо ифтихор буда, ширкати мо барои харидории билетҳои ҳавопаймоӣ ба Федератсия, аз ҷумла билетҳо барои мунтахабҳои футболи Тоҷикистон имтиёзҳо медиҳад», - гуфтааст директори тиҷорати ширкат Абдулқосим Валиев.

Ӯ ҳамчунин зикр кардааст, ки ширкати «Сомон Эйр» мудом ба варзишгарони тоҷик ҷиҳати иштирок дар мусобиқаҳои байнулмилалӣ кумак мекунад. Шартнома бо ФФТ бемуҳлат ба имзо расида, ҳар сол бозбинӣ мешавад.

Дар навбати худ ноиби президенти ФФТ Дилшод Ҷӯраев изҳор намудааст, ки барои мухлисони хоҳишманди дастгирии мунтахаби футболи Тоҷикистон дар хориҷи кишвар роҳандозии хатсайри ҷудогона (чартерӣ) ташкил карданианд.

Ҳамчунин Дилшод Ҷӯраев доир ба имкони хуби ташкили сафари кӯдакон ба мусобиқаҳои байнулмилалӣ ба туфайли имзои ин шартнома ва нақшаҳои роҳандозии хатсайрҳои чартерӣ барои дастаҳои мунтахаби футболи кишвар маълумот дода, қайд кардааст, ки ин масъала мавриди гуфтушунид ва ҳаллу фасл қарор дорад.