Санаи 23 июн дар саросари ҷаҳон Рӯзи байнулмилалии олимпӣ ҷашн гирифта мешавад. Дар ин робита мо тасмим гирифтем, ки шумори тоҷикистониён ва дар кадом Бозиҳои олимпӣ иштирок кардани онҳо, ҳамчунин дастовардҳои онҳоро ёдрас кунем.

Бори нахуст варзишгари тоҷикистонӣ қаиқрон Иброҳим Ҳасанов дар Олимпиадаи соли 1960 дар шаҳри Рим ширкат варзид. Тӯли ин солҳо намояндагони Тоҷикистон дар мусобиқаҳои Олимпиада 4 медали тилло, 1 медали нуқра ва 4 медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Қаиқрон Юрий Лобанов (Мюнхен, 1972), панҷҳарбаи варзишӣ Анатолий Старостин (Москва, 1980, ду маротиба – шахсӣ ва дар ҳайати даста), гурзандоз Андрей Абдувалиев (Барселона, 1992) ва гурзандоз Дилшод Назаров (Рио-де-Жанейро, 2016) ба унвони қаҳрамонҳои Бозиҳои олимпӣ шарафёб гардиданд.

Дар Бозиҳои олимпии соли 2008 дар шаҳри Пекин гуштигири навъи тарзи озод Юсуф Абдусаломов ба дарёфти медали нуқра ноил гардид.

Медалҳои бириниҷии Бозиҳои олимпиро камонвар Зебуннисо Рустамова (Монреал, 1976), қаиқрон Юрий Лобанов (Москва, 1980), дзюдочӣ Расул Боқиев (Пекин, 2008) ва муштзан Мавзуна Чориева (Лондон, 2012) ба даст оварданд.

Барои намояндагони Тоҷикистон Бозиҳои олимпии соли 1980 дар Маскав бештар пурмаҳсултар шуморида мешавад. Дар ин бозиҳо Анатолий Старостин ба дарёфти ду медали тилло ва Юрий Лобанов ба медали биринҷӣ комёб гардиданд.

Ҳамчун давлати соҳибистиқлол Тоҷикистон бори аввал соли 1996 дар Бозиҳои олимпии тобистонаи соли 1996 ва баъдан дар ҳамаи Бозиҳои тобистонаи Олимпиада ширкат варзид. Дар бозиҳои олимпии зимстона намояндагони Тоҷикистон чор маротиба иштирок карданд.

Замони соҳибистиқлолӣ варзишгарони Тоҷикистон дар мусобиқаҳои Бозиҳои олимпӣ 4 медал (1 тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ) ба даст оварданд: 2 медал дар Бозиҳои олимпии тобистона дар Пекин ва 1 медал дар Бозиҳои олимпии тобистона дар Бозиҳои олимпии Лондон дар соли 2012. Нахустин медали тиллои дастаи Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро дар соли 2016 ба даст оварда шуд.

 

1/9

Қобили зикр аст, ки аввалин Бозиҳои олимпии муосир соли 1894 дар Юнон бо иштироки 241 варзишгар аз 14 давлат баргузор шуд. Онҳо аз рӯи 9 намуди варзиш барои медалҳо рақобат намуданд. Баъд аз бештар аз 100 сол, дар Бозиҳои олимпии соли 2004 дар Юнон наздики 15 000 варзишгар аз 202 давлат дар 28 намуди варзиш иштирок карданд.

Дар робита ба ин сана Кумитаи миллии олимпии ҶТ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ ва мақомоти шаҳрдории Душанбе нақшаи чорабиниҳо тартиб дода, дар доираи нақша 20-21 май марафони велосипедронӣ ва Дави миллӣ баргузор шуд.

Имрӯз, 23 июн дар тамоми ҷумҳурӣ мусобиқаву бозиҳои гуногуни варзишӣ дар назар аст. Аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе мусобиқаҳои гуштини озод, гуштини юнонӣ-римӣ, дзюдо, футболи хурд, қайиқронӣ, чавгонбозӣ, варзиши сабук доир мегарданд.