Дар ин мусобиқа ҳудуди 500 нафар варзишгарон аз беш аз 20 кишвари дунё ширкат варзида, намояндагони Тоҷикистон 5 медали тилло ба даст оварданд.

Дар мусобиқаҳои калонсолон Акмалиддин Каримов (57 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода (68 кг), Мубориз Мунавваров (74 кг), миёни наврасон Сомон Сангов (52 кг) ва Ҷаҳонгир  Авазов (65 кг) ба унвони қахамони Осиё ноил гардиданд.

Умед Ҳасанбеков (90 кг) миёни калонсолон, Абдумаҷид Нуралиев (81 кг), Шарифҷон Назриев (87 кг) миёни наврасон, Суҳроб Исматов (57 кг) ва Абдулҳамид Муҳибов (100 кг) дар мусобиқа байни ҷавонон ба дарёфти медалҳои нуқра шарафёб гардиданд.

Ғайр аз ин дар мусобиқаи самбои муҳорибавӣ Табрезшо Парпишоев (74 кг) ва Фаридун Одилов (90 кг) боз ду медали нуқра гирифтанд.

Варзишгарони зерин ба дарёфти медалҳои биринҷӣ ноил гардиданд:

- Ҷомии Ҳасан (52 кг), Нозимҷон Охиров (62 кг), Зафар Олимшоев (82 кг), Шамшод Абдуллоев (100 кг) миёни калонсолон;

- Давлатшоҳ Давлатов (56 кг), Фаррух Ҳалимов (60 кг), Диловар Холов (75 кг), Вайсиддин Соибов (87 кг) миёни наврасон;

- Муминҷон Холов (48 кг), Умедҷон Муҳиддинов (62 кг), Саидҷони Ҳайдар (68 кг), Субҳиддин Шамсиддинов (70 кг), Алӣ Шарифов (74 кг), Меҳрнӯши Иззатшо (82 кг) дар рақобатҳо байни ҷавонон, Азиза Азизова (80 кг) миёни духтарон;

- Фирдавс Фозилбеков (82 кг) дар самбои муҳорибавӣ.

Дар остонаи оғози мусобиқа дар Тошканд ҳамчунин конгресси Иттифоқи самбои Осиё доир гардида, аз рӯи натиҷаи интихобот намояндаи Тоҷикистон Маҳмуд Абдулло дар вазифаи ноиби аввали президенти Иттифоқи самбои Осиё боқӣ монд.