Комроншоҳи Устопириён ва Саидҷалол Саидов бо далели таъхири парвози ҳавопаймо натавонистаанд ба мусобиқаи Ҷоми Осиё бираванд. Ин сабқат дар шаҳри Тайбэй баргузор мешавад.

Бино ба иттилои хабаргузории «Озодагон», Нурулло Лоиқов, раиси Федератсияи дзюдои Тоҷикистон гуфтааст, ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” дар хатсайри Душанбе-Дубай бо таъхири 9-соата ба ҳаво хест: “Парвоз бояд соати 17:00-и 5 июл сурат мегирифт, аммо ҳавопаймо соати 02:00-и 6 июл парвоз кард. Парвози хатсайри Дубай-Тайбэй, ки варзишгарони мо тавассути он парвоз мекарданд, соати 3:00 дар нақша буд”.

Комроншоҳи Устопириён дар як суҳбати телефонӣ ба “Озодагон” изҳор доштааст, ки чун инҷо дар парвоз таъхир шуд ва аллакай аз ҳавопаймои хатсайри Дубай-Тайбэй дер монданд, тасмим шуд, парвоз накунанд.

Саидҷалол Саидов, паҳлавони дигари тоҷик ҳам мегӯяд, онҳо маҷбур шуданд, чиптаҳои худро баргардонда ва маблағҳояшонро бозпас бигиранд. Ӯ гуфт, далели таъхир дар парвозро масъулини ширкат “сабабҳои техникӣ” гуфтаанд.

Ба гуфтаи Комроншоҳ ва Саидҷалол барои иштирок дар мусобиқаи Ҷоми Осиё беш аз чил рӯз омодагӣ гирифта буданд: “Ин мусобиқа барои мо хело муҳим буд. Дар сурати пирӯзӣ соҳиби 100 имтиёз мешудем, ки роҳро барои иштирок дар Бозиҳои олимпии соли 2020 боз мекунад”.

Мусобиқаи Ҷоми Осиё барои дарёфти холҳои олимпӣ дар шаҳри Тайбэйи Чин шанбеи 8 июл шурӯъ мешавад, аммо раванди дарёфти муҷаввиз барои иштирок ва мураттаб намудани санадҳо аз 6 июл оғоз мешавад. Қарор буд, Комроншоҳи Устопириён дар вазни 90 кило ва Саидҷалол Саидов дар вазни 100 кило ҳунарнамоӣ кунанд.