Дар рейтинги нави Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА), ки санаи 6 июл ба нашр расид, дар муқоиса бо моҳи гузашта  мунтахаби футболи Тоҷикистон  якбора 12 зина поин рафта, акнун бо 179 имтиёз зинаи 149-умро ишғол мекунад.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), миёни 46 дастаи мунтахаби Конфедератсияи футболи Осиё мунтахаби Тоҷикистон дар зинаи 28-ум қарор дорад.

Бозии навбатиии худро мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 5 сентябр дар доираи вохӯрии даври сеюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 бо тими мунтахаби Непал дар шаҳри Катманду мегузаронад. Дар рейтинги ФИФА мунтахаби Филиппин мақоми 170-умро ишғол мекунад.

Рейтинги навбатии Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) санаи 10 август ба нашр мерасад.

Рейтинги ФИФА аз соли 1993-юм ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар давраи чаҳор сол дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи ФИФА ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013-ум мебошад.