Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон нахустин бозиашро дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2018 (U-23) дар гурӯҳи “Е” бо тими Фаластин бо ҳисоби мусовии 2:2 анҷом дод. Ин бозӣ шаби чоршанбеи 19-уми июл дар варзишгоҳи «Дура»-и шаҳри Ҳеврони Фаластин баргузор шуд.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, ҳисобро мизбонон дар дақиқаи 18-ум боз карданд. Тӯбро аз ҷаримаи 11-метрӣ Моҳанад Фанноун ба ҳадаф расонд. Баъди 15 дақиқа ҳуҷуми меҳмонон бо гол анҷомид. Фирдавс Чақалов аз масофаи наздик тӯбро бо зарбаи сар ба тӯри дарвоза зада, ҳисобро баробар намуд.

Ду голи дигар дар нимаи дувуми дидор зада шуд. Дар дақиқаи 51-ум баъди он ки бозигари фаластиниҳо аз бурҷи майдон тӯбро ба ҷаримагоҳи меҳмонон зад, ғайричашмдошт онро Зоир Ҷӯрабоев ба дарвозаи дастааш равон кард. Дар дақиқаи 75-ум ҳамлагари мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон Амирҷон Сафаров бо дарвозабони фаластиниҳо як ба як баромад, вале ӯро дар ҷаримагоҳ зада аз по афтонданд. Сардовари бозӣ Маҳмуд Салим Саид Ал-Маҷорафӣ аз Умон ҷаримаи 11-метрӣ таъйин кард. Тӯбро капитани мунтахаби Тоҷикистон Нозим Бобоҷонов аз пеналтӣ ба ҳадаф расонда, ҳисобро баробар намуд – 2:2.

Дар бозии дигари гурӯҳи “Е” дастаи мунтахаби ҷавонони Урдун ба дарвозаи тими Бангладеш ҳафт голи беҷавоб зад.

Дар шаҳри Ҳеврони Фаластин мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2018 (U-23) дар гурӯҳи “Е” бо ширкати дастаҳои мунтахаби ҷавонони футболи Бангладеш, Тоҷикистон, Урдун ва Фаластин то рӯзи якшанбеи 23-юми июл идома меёбад.

Бозиҳои даври дувуми мусобиқа рӯзи ҷумъаи 21-уми июл баргузор мешаванд. Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар вазишгоҳи «Дура»-и Ҳеврон бо дастаи Бангладеш рақобат мекунад. Ин бозӣ соати 16:30 ба вақти маҳаллӣ (18:30 – ба вақти Душанбе) шуруъ мешавад. Бозии дигар миёни дастаҳои мунтахаби Фаластин ва Урдун соати 19:30 ба вақти маҳаллӣ (соати 21:30 – ба вақти Душанбе) оғоз меёбад.

Дар ҳамин ҳол мусобиқаи гурӯҳи «D» бо пирӯзии мунтахаби ҷавонони Узбакистон, ки ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2018 роҳхат гирифт, ба анҷом расидааст.

Дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё (U-23), ки аз 9 то 27 январи соли 2018 дар Чин доир хоҳад шуд, ғолибони 10 гурӯҳи интихобӣ ва 5 дастаи ҷойҳои дувумро ишғолкарда аз рӯи нишондодҳои беҳтарин ширкат меварзанд.

Бояд гуфт, ки мунтахаби Чин дар мусобиқаи интихобӣ берун аз озмун иштирок мекунад. Агар Чин дар гурӯҳи худ мақоми аввалро касб намояд ва ё дар байни панҷ дастаи беҳтарини ҷойҳои дувум қарор бигирад, онгоҳ дастаи шашум,ки дар мусобиқаи интихобӣ ҷойи дувумро мегирад, соҳиби роҳхат ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2018 мешавад.