Ҳукуматдорони Душанбе ба баргузории мусобиқаи муштзанҳо миёни боксчиёни маъруфи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар амфитеатри “Аҳорун”-и пойтахт иҷоза надоданд, ки рӯзи шанбе, 29 июл ба нақша гирифта шуда буд.

Бино ба маълумоти сомонаи Федератсияи бокси касбии Тоҷикистон, ба федератсия дар ин хусус таҳти №22/3-21 аз 21 июли соли 2017 аз мақомоти шаҳрдории Душанбе бо имзои муовини раис Мавсума Муинӣ нома расидааст.

Дар мактуб зикр мегардад, ки муассисаи давлатии фарҳангиву фароғатии “Аҳорун” (амфитеатр) барои баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва фароғатӣ пешбинӣ гардида, тавсия дода шудааст, ки мусобиқаи боксчиён дар толорҳои варзишӣ гузаронида шавад.

Дар ин робита, мусобиқаи муштзанони касбии Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки санаи 29 июл пешбинӣ шуда буд, дар амфитетари “Аҳорун” доир намегардад.

Гуфта мешавад, Федератсияи бокси касбии Тоҷикистон айни замон ба масъалаи дар дигар ҷой баргузор намудани ин мусобиқа машғул буда, ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ дода истодааст, ки он дар фурсатҳои кӯтоҳтарин доир гардад.

Дар мусобиқаи мазкур 6 қувваозмоӣ пешбинӣ гардида буд. Рақобатҳои асосӣ бояд байни ҷуфтҳои зерин барпо мешуданд: Шералӣ Мамадалиев (Тоҷикистон) – Мақсуд Ҷумъаев (Ӯзбекистон), Бахтиёр Мирзомуҳаммад (Тоҷикистон) – Алишер Ҳабибуллоев (Ӯзбекистон) ва Асрор Воҳидов (Тоҷикистон) – Ҳумоюн Рустамов (Ӯзбекистон).

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.