Дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанбе имрӯз дар тамринҳои омӯзишӣ дар Ӯзбекистон вохӯрии нахустини худро баргузор мекунад.

Бозии аввалини футболбозони тоҷик бо қаҳрамони чандинкаратаи футболи Ӯзбекистон - дастаи “Нефтчӣ”-и Фарғона дар варзишгоҳи “Дӯстлик”-и шаҳри Тошканд доир мегардад.

Дар сомонаи дастаи “Истиқлол” қайд мешавад, ки футболбозони ин даста рӯзи 24 июл ҷиҳати баргузор намудани тамринҳои омодагиву омӯзишии якҳафтаина ба шаҳри Тошканд омадаанд. Дар давраи тамринҳо футболбозони даста дар меҳмонхонаи “София” иқомат хоҳанд кард.

Дар ин тамринҳо се бозии дастаи “Истиқлол” бо тимҳои “Нефтчӣ”, “Металлург”-и Бекобод ва “Машъал”-и Муборак ба нақша гирифта шудааст.