Варзишгари маъруфи кишвар, қаҳрамони Бозиҳои олимпии соли 2016 Дилшод Назаров дар чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук, дар қувваозмоии гурзпартоӣ миёни мардон ба даври финалӣ роҳ ёфт.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, қувваозмоӣ шоми дирӯз миёни 32 нафар гурзпартои беҳтарини ҷаҳон баргузор шуда, Дилшод Назаров дар як кӯшиш гурзро ба масофаи 75,54 метр ҳаво дод.

Гуфта мешавад, натиҷаи беҳтарро дар ин қувваозмоӣ намояндагони Лаҳистон (Полша) - Войсех Новитский (76,85 м) ва Павел Фаждек ( 76.82м) нишон додаанд. Квинтин Бигот аз Фаронса гурзро ба масофаи 76.11, Павел Барейша ба масофаи 75.98, Бенс Ҳалаз аз Маҷористон ба масофаи 75.56 метр партофтанд.

Зимнан зикр мегардад, ки даври финалии мусобиқаи қувваозмоии гурзпартоӣ миёни мардон 11 август доир мегардад.

Ёдрас мешавад, ки Дилшод Назаров соли 2015 бо натиҷаи 78,55 метр медали нуқраи чемпионати ҷаҳон, соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразил бо натиҷаи 78,68 метр медали тиллои Бозиҳои тобистонаи олимпиро ба даст овардааст.

Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук, ки 4 август дар шаҳри Лондони Британияи Кабир оғоз гардид, то 13 август идома меёбад. То имрӯз аз рӯи ҳисоби медалҳо ИМА бо 15 медал (4 тилло, 5 нуқра, 6 биринҷӣ) пешсаф аст. Кения бо 7 медал (3-1-3) дар ҷои дуюм, Африқои Ҷанубӣ бо 2 медали тилло ва 2 биринҷӣ дар мақоми сеюм қарор доранд.