Истиқлол»-и Душанбе дар бозии аввали даври ниманиҳоии байниминтақавии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё, КФО) – 2017, ки дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир гардид, «Серес Негрос»-и Филиппинро бо ҳисоби бузурги 4:0 шикаст дод.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, ду гол дар нимаи аввал ва ду голи дигар дар нимаи дуюми дидор зада шуд. Ҳисобро Аҳтам Назаров дар дақиқаи 25-ум аз ҷаримаи 11-метрӣ боз кард. Голи дувумро Ромиш Ҷалилов дар дақиқаи охирини нимаи аввали бозӣ ба ҳадаф расонд. Дар нимаи дувуми бозӣ, дар дақиқаи 67-ум, Манучеҳр Ҷалилов голи севумро ба тӯри дарвозаи меҳмонон зад. Голи чаҳорум ва ниҳоӣ низ ба Манучеҳр Ҷалилов марбут аст. Ӯ тӯбро дар дақиқаи 88-ум ба самар расонд.

Бозии ҷавобии даври ниманиҳоии байниминтақавии Ҷоми AFC-2017 миёни дастаҳои “Истиқлол” ва «Серес Негрос» 12-уми сентябр дар шаҳри Баколоди Филиппин барпо мегардад.

Дар сурати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигари Ҷоми КФО дар бозии финалии байниминтақавӣ қаҳрамони Тоҷикистон бо ғолиби ҷуфти «Бенгалуру» (Ҳиндустон) - «25 апрел» (Кореяи Шимолӣ) қувваозмоӣ хоҳад кард. Бозиҳои финалии байниминтақавӣ 27 сентябр ва 18 октябр доир мегарданд.

Дар бозиҳои финалии минтақаи Ғарб тимҳои «Ал-Ваҳда»-и Сурия ва «Эйр-Форс»-и Ироқ бо ҳам рақобат мекунанд. Вохӯриҳо рӯзҳои 12 ва 26 сентябр баргузор мешаванд.

Вохӯрии финалии Ҷоми КФО-2017 санаи 4 ноябр барпо мешавад. Дар сурати ба бозии финалӣ роҳ ёфтани «Истиқлол», вохӯрии ҳалкунанда дар Тоҷикистон доир мегардад.