Президенти Федератсияи футболи Қирғизистон Семетей Султонов рӯзи 4 сентябр дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Бишкек изҳор доштааст, ки бо сабаби эҳтимоли ҳамлаи террористӣ бозии футбол миёни дастаҳои мунтахаби Қирғизистон ва Мянма доир намегардад.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Султонов гуфтааст, ин тасмимро сарвазири Қирғизистон Сафар Исҳоқов зимни ҳарос аз ҳамлаи эҳтимолии террористӣ дар пасманзари хабарҳои куштори мусулмонон дар Мянма гирифтааст.

"Эҳтимоли сурат гирифтани ҳамлаи террористӣ вуҷуд дорад. Бозӣ бо мақсади таъмини амният ва пешгирӣ аз барангехтани бадбинии нажодиву бетартибиҳои оммавӣ лағв карда шуд", - гиброз доштааст ӯ.

Ёдрас мешавад, ки бозии дастаҳои Қирғизистону Мянма қарор буд, 5 сентябр дар варзишгоҳи ба номи Д. Омурзакови Бишкек баргузор шавад.

Ин бозӣ дар доираи даври интихобии Ҷоми Осиё-2019 барпо мешуд ва вохӯрии ҷавобии дастаҳо бояд 10 октябри соли равон дар Мянма баргузор шавад.