Дар иҷлосияи Кумитаи байнулмилалии олимпӣ дар Лима эълон шуд, ки Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2024 дар пойтахти Фаронса - шаҳри Париж доир гардида, шаҳри Лос-Анҷелес Олимпиадаи соли 2028-ро қабул мекунад.

Бино ба маълумоти хабаргузории ВВС, шаҳрҳои Париж ва Лос-Анҷелес аввали моҳи июл ба сифати пойтахтҳои Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2024 ва 2028 тасдиқ шуда буданд, вале маълум набуд, ки кадоме аз онҳо пештар ин бозиҳоро мегузаронад.

Гуфта мешавад, барои баргузор намудани Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2024 ва соли 2028 ҳамчунин шаҳрҳои Гамбург, Будапешт ва Рим низ довталаб буданд, вале онҳо ба рӯйхати ниҳоӣ шомил нашуданд.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳам Парижу ҳам Лос-Анҷелес қаблан низ соҳибони чунин Бозиҳо буданд: Париж Олимпиадаҳои соли 1900 ва 1920 ва Лос-Анҷелес Бозиҳои соли 1932 ва 1984-ро қабул кардаанд.

Ёдрас мекунем, ки Бозиҳои навбатии тобистонаи олимпӣ соли 2020 дар пойтахти Япония - Токио баргузор мешаванд.