Дар рейтинги нави Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА), ки санаи 14 сентябр ба нашр расид, дар муқоиса бо моҳи гузашта мақоми мунтахаби футболи Тоҷикистон  11 зина боло рафта, акнун бо 213 имтиёз зинаи 140-умро ишғол мекунад.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), миёни 46 дастаи мунтахаби Конфедератсияи футболи Осиё мунтахаби Тоҷикистон дар зинаи 25-ум қарор дорад. Дар Осиё Эрон дар мақоми аввал ва дар ҷаҳон 25-ум аст.

Тибқи маълумоти Радиои Озодӣ, дар феҳристи нави ФИФА Олмон бо 1606 имтиёз дар ҷойи аввал, Бразилия бо 1590 имтиёз дар ҷойи дувум ва Португалия бо 1386 имтиёз дар ҷойи сеюм ҷой гирифтаанд.

Гуфта мешавад, аз байни кишварҳои пасошӯравӣ зинаҳои баландро дар раддабандии FIFA Украина (24-ум), Русия (64-ум) ва Узбакистон (69-ум) ба даст овардаанд. Тоҷикистон дар байни кишварҳои Шӯравии собиқ танҳо аз Латвия (148-ум) ва Молдова (156-ум) пеш аст.

Аввали моҳи октябр мунтахаби Тоҷикистон дар Ҳисор ду вохӯрӣ гузаронида, нахуст бо тими Афғонистон бозии дӯстона баргузор мекунад. Рӯзи 10 октябр дар доираи мусобиқаи марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 бо тими мунтахаби Непал бозӣ мекунад, ки ин даста дар рейтинги ФИФА бо 117 имтиёз дар мақоми 175-ум қарор дорад.

Рейтинги навбатии Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) санаи 16 октябр ба нашр мерасад.

Рейтинги ФИФА аз соли 1993-юм ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар давраи чаҳор сол дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи ФИФА ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013 ва натиҷаи бадтаринаш ҷойи 180-ум дар соли 2003 мебошад.