Мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон (U-19) таҳти роҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев субҳи рӯзи 17 сентябр ҷиҳати иштирок дар мусобиқаи байнулмилалии «The 3rd Chang An Ford Cup International Youth Football Tournament 2017» ба Чин раҳсипор шуд.

Бино ба маълумоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, ин мусобиқа рӯзҳои 20-24 сентябр дар шаҳри Сюйзини Чин доир гардида, дар он ба ҷуз дастаи Тоҷикистон, тимҳои соҳибони майдон - Чин, Мексика ва Уммон низ иштирок мекунанд.

Гуфта мешавад,  бозии аввалро футболбозони тоҷик санаи 20 сентябр - бо Мексика, бозии дуюмро санаи 22 сентябр - бо Чин ва бозии охирро рӯзи 24 сентябр - бо тими Уммон доир мекунанд.

Ба иттилои манбаъ, ҳайати дастаи Тоҷикистон аз 23 бозигар - 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар иборат аст.

Иштироки мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон дар ин мусобиқа яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба мусобиқаи даври интихобии Чемпионати Осиё-2018 маҳсуб меёбад, ки аз 31 октябр то 8 ноябр дар Ҳисор доир мегардад.

Дар марҳилаи интихобӣ барои дарёфти роҳхат ба мусобиқаи Чемпионати Осиё, ки соли оянда дар Индонезия баргузор мешавад, мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо тимҳои Бангладеш (31 октябр), Шри-Ланка (4 ноябр), Малдив (6 ноябр) ва Ӯзбекистон (8 ноябр) рақобат мекунад.