Дар Бозиҳои V Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Ашқобод варзишгари тоҷик Манучеҳр Неъматов дар намуди таэквондо WTF медали нуқра ба даст овард.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Манучеҳр дар даври муқаддамотӣ бар варзишгари Чин Хионгин Оуянг ғалаба кард. Баъдан варзишгари Филиппин Ҷенар Ториллосро мағлуб намуд. Дар даври чорякфинал бар варзишгари Қазоқистон Айтуар Шайкенов пирӯз шуда, аммо дар финал аз варзишгари эронӣ Маҳдӣ Эҳсонӣ шикаст хӯрд.

Акс аз саҳифаи шахсии Неъматов дар Фейсбук

Гуфта мешавад, дар рӯзи сеюми Бозиҳои Осиё варзишгарони тоҷик, инчунин сазовори 4 медали биринҷӣ гардида, Баъд аз натиҷагирии 3 рӯзи мусобиқот Тоҷикистон бо 1 медали нуқра ва 10 биринҷӣ дар ҷадвали ҳисоби медалҳо миёни 63 давлати иштирокчӣ дар ҷои 19-ум қарор дорад.

Зикр мегардад, ки кишвари мизбон – Туркманистон бо 62 медал (29 тилло, 21 нуқра, 12 биринҷӣ) дар ҷои аввал аст. Ҷумҳурии Исломии Эрон бо 4 медали тилло, 2 нуқра ва 6 биринҷӣ дар мақоми дуюм, Узбекистон бо 3 медали тилло, 5 нуқра ва 20 биринҷӣ дар мақоми сеюм қарор доранд.

Ёдрас мекунем, ки дар рӯзи аввали Бозиҳои 5-уми Осиё дар Ашқобод мусобиқот оид ба ҷиу-ҷитсу (сабқатҳои омехта) ва гуштини камарбандӣ (тарзи озод) баргузор шуд, ки варзишгарони мо соҳиби 6 медали биринҷӣ гардиданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.