Дар рӯзи панҷуми Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Ашқобод, варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти гуштини камарбандӣ (тарзи классикӣ), таеквандо WTF, муайтай, баскетбол, вазнбардорӣ, варзиши сабук ва велосипедронӣ иштирок карда, соҳиби боз 4 медали биринҷӣ гардиданд.

Дар намуди гуштини камарбандӣ аз ҷумҳурии мо 10 варзишгар – Мария Седунова (-70 кг) миёни бонувон ва миёни мардон Акрамхуҷа Тошмуротов (-70 кг), Рӯзибой Сафаров (-80 кг), Меҳрзод Суфиев (-60 кг), Тошзода Муҳаммадғуфрон (-70 кг), Абдусалом Саломов (-100 кг), Хуршед Шарипов (-90 кг), Маҳмад Миров (+100 кг), Достонбек Почоев (-90 кг) ва Худоёр Раҷабзода (-65 кг) вориди рақобат шуданд.

Аз миёни онҳо Худоёр Раҷабзода, Достонбек Почоев ва Маҳмад Миров ба гирифтани медали биринҷии бозиҳо сазовор гардиданд. Ёдовар мешавем, ки Маҳмад Миров медали дуюми биринҷӣ ба даст овард. Ӯ ду рӯз пеш дар гуштини анъанавӣ низ сазовори ҷои сеюм шуда буд.

Як медали дигарро Давлат Болтаев (-86 кг) дар намуди муайтай сазовор шуд. Давлат, ки дирӯз дар даври ҳаштякфинал бар варзишгари мизбон Ялкапбердӣ Таҷенов ғалаба карда буд, дар даври чорякфинал аз намояндаи Ироқ Шаҳез Фозил мағлуб гардида, сазовори ҷои сеюм шуд.

Ҳамин тариқ шумораи медалҳои Тоҷикистон дар бозиҳо ба 18 адад расид: 1 нуқра ва 17 биринҷӣ ва дар ҷадвали ҳисоби медалҳо миёни 65 дастаи иштирокчӣ дар мақоми 25 мебошад.

Ҷои аввалро то имрӯз кишвари мизбон – Туркманистон ишғол кардааст. Варзишгарони туркманистонӣ то имрӯз 127 медал (53 тилло, 37 нуқра, 37 биринҷӣ) ба даст овардаанд. Ҷумҳурии Исломии Эрон бо 39 медал (10 тилло, 6 нуқра, 23 биринҷӣ) дар мақоми дуюм аст. Узбекистон бо 57 медал (7 тилло, 16 нуқра, 34 биринҷӣ) дар ҷои сеюм қарор дорад.